Афв ба хотири пирӯзӣ бар Уэлс: Озодии беш аз 1100 зиндонӣ дар Эрон

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Бо дастури вижаи раиси қувваи қазоияи Эрон 1156 зиндонӣ бинобар пирӯзии тими миллии футболи Эрон бар Уэлс аз зиндонҳои мухталифи кишвар озод шуданд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ахиран дастуруламали дахлдори раиси қувваи қазоияи Эрон Ғуломҳусайни Муҳсинии Эжаӣ дар паи пирӯзии тими миллии футболи Эрон бар Уэлс содир шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Дар дастури раиси дастгоҳи қазои Эрон хитоб ба мароҷеъу марокизи зирабти қазоӣ омада буд: Нисбат ба он даста аз зиндониён, ки шароити баҳрамандӣ аз ирфоқоти қонуниро доро ҳастанд, ниҳояти мусоидату муъозидат анҷом гирад ва муқаддамоти озодӣ ва бозгашти онҳо ба оғӯши гарми хонаводаҳошон дар аввалин фурсати мумкин фароҳам шавад.
Дар дастури раиси дастгоҳи қазоии Эрон гуфта шудааст бадеҳӣ аст, касоне ки дар қазоёии ахири муртакиби ҷиноят шуда ва мудофеъони амнияти мардумро шаҳид ва маҷрӯҳ карданд ва амволи мардумро ба оташ кашиданду Қуръонро сӯзонданад, қобили бахшиш нестанд ва барои аносиру мусаббибони аслии иғтишошоти ахир ҳеҷ ҷои ирфоқ вуҷуд надорад.
Защитник Ирана под номером 15 Рузбех Чешми, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Шигифтиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол - 2022: Пирӯзии ғайриинтизории Эрон бар тими Уэлс
Пас аз ин дастури вижа мақомоти қазоии устонҳои Эрон иқдомоти лозим барои иҷро шудани дастури раиси қувваи қазоияро дар дастури кор қарор доданд ва теъдоде аз зиндониёни зиндонҳои кишвар, ки дорои шароит буданд ё озод шуданд ва ё инки аз тасҳилоту ирфоқоти қонунӣ бархудор шуданд.
Дар миёни афроде ки бар асоси дастури раиси қувваи қазоияи Эрон аз ирфоқоти қонeнӣ бархӯрдор шуданд, боздоштшудагони вақойиъи ахири Эрон, ки дорои шароити қонунӣ буданд низ ҳузур доранд.
Лентаи хабарҳо
0