35 куштаву 23 захмӣ: Таркиши дар мадраса дар шимоли Афғонистон

© WAKIL KOHSARМашины скорой помощи в Афганистане, архивное фото
Машины скорой помощи в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Расонаҳои маҳалии Афғонистон дар бора боз як таркиши хунини дигар дар шимоли Афғонистон хабар доданд, дар он беш аз 35 ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Мақомоти маҳаллии вилояти Самангони Афғонистон хабар додааст, ки бар асари таркиш дар як мактаби мазҳабӣ ддар ин вилоят дасти кам 35 нафар кушта ва 23 тани дигар захмӣ шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ҳаште субҳ”.
Манбаъ хабар додааст, ки бештари қурбониёни таркиш донишомӯзони ин мактаб мебошанд.
“Дар ҳоли ҳозир раванди берун овардани ҷасади кушташудагон ва берун овардани осебдидагон аз бинои мактаб идома дорад. Сабаби инфиҷор мушаххас нашудааст”, - иттилоъ додааст ин хабаргузорӣ.
Иттилоъ шудааст, ки ҳодиса дар маркази вилояти Самангон, дар шаҳри Айбак, ҳангоми намози нисфирӯзӣ сурат додааст. Намояндагони маъмурияти маҳаллӣ, ки аз ҷониби ҷунбиши Толибон таъйин шудаанд то ҳол дар ин бора шарҳи расмӣ надоданд.
 сок мака - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Боздошти ду ҳазор нафар ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон
Теъдоди қурбониёни даргириҳои мусаллаҳона дар Афғонистон, ба иттилои СММ, дар сатҳи боқӣ мемонад: аз 15 августи соли 2021 то 15 июни соли 2022, ҳудуди 700 нафар кушта ва 1406 нафари дигар захмӣ шудаанд. Аммо ин назар ба солхои гузашта, ки дар кишвар ҷанг буд, чанд баробар камтар аст.
Илова бар ин, беш аз нисфи қурбониёни солҳои 2021-2022 бар асари ҳамлаҳои террористии созмонёфтаи гурӯҳи Вилояти Хуросон, бахши афғонистонии ДИИШ* сурат гирифтааст. Ҳамин тавр, дар моҳи октябри соли гузашта танҳо бар асари як ҳамлаи террористӣ дар масҷиди шиъаҳо дар Қундуз ҳудуди 100 нафар кушта шуданд.
* - гурӯҳи мамануъ дар қаламрави Русия
Лентаи хабарҳо
0