Масъуд дар Душанбе шарти қабули ҳукумати толибҳоро эълон кард

© Sputnik Глава Фронта национального сопротивления Афганистана Ахмад Масуд
Глава Фронта национального сопротивления Афганистана Ахмад Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раҳбари Ҷабҳаи муқуовимати миллии Афғонистон 16 моҳи ҳукуматдории толибҳоро дар Кобул баҳо дода, роҳи наҷоти кишвару раҳоӣ аз буҳрони феълиро баён дошт
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Хости бунёдии ҳамаи нерӯҳое, ки барои тағйири вазъ дар Афғонистон талош доранд, ин аст, ки мардум дар сарнавишти худ саҳм гузошта бошанд, изҳор дошт раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Аҳмади Масъуд.
Вай зимни як ҳамоиш дар Душанбе барои наҷоти Афғонистону раҳоияш аз буҳрон иҷмои дохилӣ, минтақавӣ ва ҷаҳониро зарур хонд, то як механизми машаххасу интихоботи саросарӣ фароҳам шавад. Бигузор мардум худаш интихоб кунад, ки чӣ қудрату низомро мехоҳад, изҳор дошт Аҳмад Масъуд.
Вай афзуд, агар толибҳо аз масири интихобот ба қудрат расанд, қабул хоҳад карду ҳеч баҳсе дар миён нахоҳад буд, чун машрӯияти мардумӣ хоҳанд дошт.
Генерал Николай Плотников, директор научно-аналитического центра Института восточных исследований АН РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Аз Миррих бошаду дар хидмати мардум: Генерали рус гуфт, ҳукумати Афғонистон чӣ гуна бошад?
Ба гуфтаи ӯ толибҳо ба ваъдаҳои қаблан додаашон вафо накарда, аз роҳи зулму истибдод кор гирифтанд, аммо низомҳои истибдодӣ дер давом нахоҳанд кард.
Бар асоси арзёбии Масъуд, дар 16 моҳи ҳукумати толибҳо дар Афғонистон ҳаракат, омӯзиш ва ҷалби гурӯҳҳои террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ, парвариш, истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир, куштор ва нопадид шудани хизматчиёни ҳарбӣ ва давлатӣ, ҳабс, шиканҷа, мурофиаҳои саҳроӣ, муҳоҷирати маҷбурӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ афзоиш ёфтаанд.
Ҷиноятҳои зидди башарият, наслкушӣ ва ноамнӣ ва набудани қонун дар Афғонистон ба таври бесобиқа зиёд шуд, ки ҳамаи ин таҳдидҳои ҷиддӣ барои мардуми кишвар, минтақа ва ҷаҳон аст, афзуд роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ.
Масъуд изҳор дошт, ки роҳҳалро дар эҷоди як механизми ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои кумак ба мардуми Афғонистон ва таъсиси як низоми сиёсии ғайримарказикунонидашуда, қонунӣ ва интихобшуда дар ин кишвар медонад.
Лентаи хабарҳо
0