Масъуд: Толибон ба ҳеҷ унвон тағйир накардаанд

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Обуна шудан
Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар конфронси "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" дар Душанбе таъкид кард, ки музокира бо толибон натиҷае надодааст
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд дар конфронси "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" дар Душанбе таъкид кард, ки аз ибтидо ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистони талоши худро барои ҳалли мусолиматомези мушкили кишвар ва боз кардани дарвозаҳои гуфтугӯ бо толибонро амалӣ кард.
“Чӣ аз тариқи ҳайатҳои мухталиф дар дохили кишвар ва чӣ дар нишастҳо дар беруни кишар٬ аммо муттаассифона таҷрибаи гуфтугӯ ва суҳбатҳои мо низ бо толибон, ҳамчун суҳбатҳои минтақа ва ҷаҳон ҷузъи ноумедӣ чиз дигаре набуд”, - қайд кард Аҳмад Масъуд.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, ки толибон ба ҳеҷ унвон тағйир накардаанд ва ҳануз ба сиёсати таравӣ, таҳаҷҷур ва сиёсати истибдодии хеш таъкид доранд.
Глава Фронта национального сопротивления Афганистана Ахмад Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Масъуд дар Душанбе шарти қабули ҳукумати толибҳоро эълон кард
Вай илова кард, ки баъд аз суқути ҷумҳурият ва дар натиҷаи тасхири Низомии Кобул ва идомаи сиёсати зӯр ва хушунати толибон, муқовимати мардону занони Афғонистон дар ашколи мухталиф ба вуҷуд омадааст.
Ёдовар мешавем, ки раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд барои иштирок дар конфронси "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" вориди шаҳри Душанбе шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ӯ дар ин конфронс ширкат нахоҳад хоҳад кард, вале касе дар ин бора расман иттилое интишор нашуда буд.
Дар конфронси "Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот" дар Душанбе ҳудуди 120 нафар - намояндагони 20 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Аз ҷумла, даъватро раҳбари Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд ва намояндагони Толибон пазируфтанд.
Лентаи хабарҳо
0