Аз Миррих бошаду дар хидмати мардум: Генерали рус гуфт, ҳукумати Афғонистон чӣ гуна бошад?

© Sputnik Генерал Николай Плотников, директор научно-аналитического центра Института восточных исследований АН РФ
Генерал Николай Плотников, директор научно-аналитического центра Института восточных исследований АН РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Обуна шудан
Ҳукумати ҳамашумул аз тақсими қудрат миёни қавму мазоҳиб ва қишрҳои мухталифи ҷомиа на, балки бар асоси боварии мардум ва короии аъзои ин ҳукумат ба вуҷуд меояд
ДУШАНБЕ, 30 ноя – Sputnik. Такя ба тақсими қудрат бар асоси қавму мазоҳиб ва қишрҳои мухталифи ҷомиа кафолати муваффақ будани он нест, изҳор дошт раиси Маркази иттилооти илмию таҳқиқотии Институти мутолаоти шарқии Академияи улуми Русия ва дар идома аз таҷрибаи ҷаҳонӣ мисолҳо овард.
Беш аз як сол аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон аз толибҳо тақозо доранд, ки дар Афғонистон як ҳукумати ҳамашумулро ба намояндагони аз намояндагони тамоми ақвом, мазоҳиб ва қишрҳои дигари ҷомиа, аз ҷумла занон, ба вуҷуд оранд.
Аммо раиси Маркази иттилооти илмию таҳқиқотии Институти мутолаоти шарқии Академияи улуми Русия, доктори улуми сиёсӣ, генерал Николай Плотников, мегӯяд, таҷрибаи ҳамчунин як ҳукуматҳо дар дигар кишварҳои ҷаҳони имрӯзӣ ноком будааст.
Заҳро Каримӣ, собиқ раиси “Афғонфилм” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Хонуми афғон ба сафири Амрико: “Мо дигар ба шумо бовар надорем!”
“Мо чанд намуна дорем. Масалан, Лубнон. Бино ба созишномаи Тоиф аз соли 1989 бояд як ҳукумати иборат аз сунниҳо, шиаҳо ва насрониҳо ба вуҷуд меомад. Аммо ҳоло ба чӣ натиҷа расид? Лубнон пора-пора мешавад ва ба сӯи табдил шудан ба як кишвари ноком пеш меравад", - изҳор дошт ӯ.
Вай ба сифати мисоли дигар Ироқро зикр намуд, ки созишнома ба имзо расидааст, ки вазоратҳо миёни сунниҳо, шиаҳо ва курдҳо тақсим шавад.
"Як сол аз интихоботи президентӣ гузашт, аммо ҳанӯз ҳам ҳукумат ташкил нашудааст”, - гуфт генерали рус.
Ӯ афзуд, рӯи кор омадани як ҳукумати ҳамашумал аз ин бастагӣ дорад, ки онро бо кадом аҳдоф эҷод мекунем ва то куҷо коромад хоҳад буд.
“Аз нигоҳи ман, бигзор дар ин ҳукумат ҳар касе, ки ҳаст, ба гунаи мисол, аз сайёраи дигар ё аҳли Миррих бошад, аммо асос ин аст, ки ин ҳукумат ба мардуми худ хизмат кунад, на ин ки дар фикри сарватандӯзӣ барои худ бошад”, - гуфт Николай Плотников.
Генерали рус дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе ин назарро дар баробари интиқодоте баён дошт, ки гуфта шуд, кишварҳое, ки аз толибҳо тақозо доранд ҳукумати ҳамашумул ба вуҷуд оранд, худ ҳукумати ҳамашумул надоранд.
“Дар ҳукумати Русия дар мақоми аввал русҳо, дуввум украиниҳо ва саввум тоторҳо меистанд. Дар тамоми мақомоти давлатӣ 40% мусулмонҳо кор мекунанд. Аз ин хотир, муҳим ин аст, ки дар ин мафҳум мо чӣ чизро ворид мекунем", - гуфт Николай Плотников.
Коромадии як ҳукумат аз ин аст, ки ҳар узваш аввал пеши худ ва сипас пеши мардум посухгӯ бошад, тавзеҳ дод ӯ.
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Тоҷикистон роҳи расидан ба субот дар Афғонистонро нишон дод
Баъди ба қудрат расидани толибҳо дар Афғонистон яке аз тақозоҳои муҳимтарини ҷомиаи ҷаҳонӣ аз онҳо ин аст, ки дар ин кишвар як ҳукумати ҳамашумул эҷод кунанд.
Як далели то ба ҳол ба расмият шинохта нашудани ҳукумати толибҳо дар Афғонистон низ маҳз ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.
Дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, ки ҳоло дар Душанбе ҷараён дорад, коршиносон ва намояндагони расмӣ аз 20 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд ва ҳадафи он низ ёфтани як роҳҳал барои буҳрони Афғонистон аст.
Лентаи хабарҳо
0