Се паҳлавони тоҷик дар Тоскулоҳи бузург дар Ҷопон зӯрозмоӣ мекунанд

Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Се ҷудокори Тоҷикистон дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузург дар Ҷопон, ки дар оғози декабр дар назар аст, барои медалу холҳои олимпӣ сабқат мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо аз иштироки 3 паҳлавони Тоҷикистон дар мусобоиқаи Тоскулоҳи бузург дар Ҷопон хабар додааст.
Ба иттилои Федератсия, ин мусобиқа рӯзҳои 3 - 4 декабр ба нақша гирифта, шуда намояндагони 5 қораи ҷаҳонро фаро гирифтаст. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишкорони 62 кишвари дунё иштирок мекунанд.
Дар маҷмуъ 365 паҳлавон, аз ҷумла 214 марду 151 зан зӯрозмоӣ хоҳанд кард, омадааст дар иттилоия.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа, аз ҷумла Нуралӣ Эмомалӣ дохил аст, ки дар вазни то 66 кило зӯр меозмояд.
Мулораджаб Халифаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Барои душаҳрвандӣ: Федератсияи байналмилалии ҷудо ду варзишкори тоҷикро муҷозот кард
Муҳаммадраҳим Сарахонов дар вазни то 73 кило барои ҷойҳои ифтихорӣ дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Ҷопон сабқат мекунад.
Дар вазни то 81 кило Тоҷикистонро дарр Токио ️Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунад.
Муқаррар шудааст, ки ғолибони ҳамаи вазнҳои ин мусобиқа 5 ҳазор евро мегиранд. Барандаҳои медалҳои нуқраи 3 ҳазор евро ва соҳибони медалҳои биринҷӣ 1,5 ҳазор евроиро соҳиб хоҳанд шуд.
Аммо муҳимтар аз ҳама дар пайи бурдҳо дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Ҷопон ҷудокорони тоҷикистонӣ барои холҳо, ки барои роҳёбӣ ба Олимпиадаи Париж дар соли 2024 заруранд, мубориза мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0