Аввалинбор дар таърих зан Ҷоми Ҷаҳониро доварӣ мезанад

© Pixabay / taniadimasФутбольный судья, архивное фото
Футбольный судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Бо эъломи ФИФА довари зан дидори Олмон ва Костарикаро қазоват хоҳад кард. Ин аввалин бор дар таърих аст, ки довари зан Ҷоми Ҷаҳониро доварӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Стефания Фроппарт барои аввалин бор дар таърихи ФИФА бозии рӯзи панҷшанберо миёни дастаҳои Олмон ва Косторикоро доварӣ хоҳад кард.
Ин бозии ҳасосу муҳим барои Олмону Косторикео хоҳад буд, аммо дар айни ҳол аз сӯйи дигар низ ин мусобиқоти таърихи хоҳад буд.
Саҳифаи Твиттерии ФИФА эълом кард, ки тимҳои Олмон ва Костарика бо қазовати тими довари занона доварӣ хоҳад шуд то барои аввалин дар таърихи Ҷоми Ҷаҳонии мардон сут ва парчами як бозӣ дар ихтиёри занон бошад.
Болельщики Уэльса перед началом матча группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Уэльса и Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Анҷоми бозиҳои рӯзи 10-уми чемпионати ҷаҳон: 4 тими дигар дар плей-оф маълум шуданд
Стефания Фроппарт довари фаронсавӣ, ки собиқаи қазовати финали Ҷоми Ҷаҳонии занонро дорад ва чанде пеш ҳам қазовати чанд бозӣ аз футболи мардони Фаронсаро дошт, бозии Олмон ва Костарикаро доварӣ мекунад.
Дар ин бозӣ Нузобек довари иловагии Бразилӣ ва Коран Пияз аз Мексика дар ин бозӣ ҳузӯр хоҳанд дошт ва эҳтимолан муҳимтарин бозии худро парчам хоҳад зад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Тими миллии футболи Чумҳӯрии Исломии Эрон бо шикаст муқобили Амрико фурсати роҳёбӣ ба марҳилаи як ҳаштум ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатарро аз даст дод.
Лентаи хабарҳо
0