Парлумони Тоҷикистон буҷаи давлатиро барои соли 2023 қабул кард

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Обуна шудан
Лоиҳаи нави қонун дар бораи буҷети давлатӣ қаблан дар ҷаласаи ҳукумат ба тасвиб расида, ҳоло дар парлумони Тоҷикистон баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи будҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2023-ро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласаи порлумон вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ин санадро барои баррасӣ пешниҳод кард. Ба гуфтаи вай, дар буҷети давлатии соли оянда ба масрафот барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
"Дар соли 2023 қисми даромади буҷети давлатӣ беш аз 37,1 миллиард сомонӣ, қисми хароҷот - 38,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Даромади буҷети соли оянда нисбат ба соли 2022, 12,3 фоиз ё 4,1 миллиард сомонӣ зиёд мешавад", - афзуд вазир.
Дар ҳамин ҳол, банди хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2023 беш аз 4,5 миллиард сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Касри буҷет 0,8% нисбат ба ММД ё 1,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, барои рушди соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ, барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 9,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2022
Миллиардҳои буҷаи Тоҷикистон дар куҷо сарф шуданд? Тафсилот
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои хидматрасонии қарзи хориҷӣ 3,4 миллиард сомонӣ ихтисос дода мешавад. Лоиҳаи пешниҳодшуда бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиёт таҳия гардид.
Он бояд имкон диҳад, ки таъсири омилҳои манфӣ кам карда, ба рушди соҳаҳои воқеии инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум хизмат расонад.
Лоиҳаи буҷети давлатиро пас аз баррасӣ вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар пазируфтанд.
Лентаи хабарҳо
0