Шаби Ялдо ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид

© AFP 2023 / Hussein FalehСилуэт мужчины на фоне луны в Ираке
Силуэт мужчины на фоне луны в Ираке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Обуна шудан
Шаби Ялдо ба унвони нуздаҳумин мироси номалмуси Эрон муштарак бо Афғонистон дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали муттаҳид (ЮНЕСКО) сабти ҷаҳонӣ шуд
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Парвандаи Шаби Ялдо, ки Эрон дар ҳамкорӣ бо Афғонистон онро таҳия кардааст, ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Манбаъ таъкид кардааст, ки бо вуҷӯди эродҳо ва нуқтаи назароти намояндагони бисёре аз кишварҳо, ин парванда саранҷом муваффақ шуд
Таъкид шудааст, ки намояндагони бархе кишварҳо, аз ҷумла Бангладеш, Ӯзбекистон, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистон, Словакия, Чехия нисбат ба ҳифозат аз ин мироси номалмӯс дар Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ин кишвару ноамниҳое, ки ба он ишора шуд, нигарониҳо ва нуқтаназаротеро ворид карданд.
Концерт по случаю визита в Душанбе президента Узбекистана Шавката Мирзиёева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Ғалабаи фарҳанги тоҷик: фалак ба феҳристи мероси ЮНЕСКО ворид шуд
Бояд қайд кард, ки кишварҳои дигаре ҳамчун Малайзия ва Ҳинд аз сабти ин парванда ба номи ду кишвари Эрону Афғонистон эъломи ҳимоят карданд.
Эрон парвандаи Ялдоро аз соли 2014 дар ЮНЕСКО ба иштирок гузошта буд то ба унвони мироси номалмӯси чандмиллиятӣ сабт шуд, аммо то ҳудӯди шаш сол баъд аз он, ҳеҷ кишваре мушорикат дар ин парвандаро напазируфт.
Эрон саранҷом ин парвандаро дар муштарак бо Афғонисто ба ЮНЕСКО ироа кард. Ойини шаби Ялдо 19 декабри 2008 (29 озармоҳи 1387) дар феҳристи осори миллии Эрон сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0