Маълум шуд баландии арчаи асосии кишвар чанд метр аст

© Sputnik Новогодняя елка на столичной площадке Истиклол
Новогодняя елка на столичной площадке Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Обуна шудан
Шаҳрдори мегӯяд, ки дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол"-и майдони “Истиқлол”-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Арчаи солинавӣ дар пойтахти Тоҷикистон 30 метр баландӣ ва 17 метр паҳноӣ дошта, бо ороишоти барқӣ-иллюминатсионӣ ва бозичаҳои солинавӣ оро дода шудааст, хабар додааст шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе
Шаҳрдорӣ хбар додааст, ки қарор аст, ороишоти пурраи он то 10 декабр анҷом ёбад.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, барои фароғат ва тамошои сокинону меҳмонони пойтахт дар атрофи арча унсурҳои ороишии гуногуни барқӣ-иллюминатсонӣ, аз қабили дарвозаҳои рамзии шаҳраки солинавӣ аз се тараф, фаввораҳо бо навиштаҷоти “2023” гузошта шудааст.
Илова бар ин дар арча аркҳои гуногуншакл, бозичаҳои калонҳаҷм, арчаҳо ва дарахтҳои гуногун, одамчаҳои барфӣ, селфигӯшаҳо, хонаи бобои барфӣ, қаҳрамонҳои аниматсионӣ аз филмҳои тасвирӣ, (смешарики, се гурба), чархофалак ва ғайраҳо гузошта шудаанд.
Инчунин дар майдон 22 адад дӯконҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, армуғонҳо, туҳфаҳо ва хӯрокҳои тезтайёр гузошта шудаанд, ки дар рӯзҳои таҷлили соли нав ба сокинону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.
Лентаи хабарҳо
0