Дар Душанбе стратегияи "иқтисоди сабз" муаррифӣ шуд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкВетряная электростанция
Ветряная электростанция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2022
Обуна шудан
Ҳадафи рушди "иқтисоди сабз" дар кишвар мутобиқ шудан ба тағирёбии иқлим ва кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-ро дар Тоҷикистон муаррифӣ кард.
Ҳуҷҷат аз соли 2023 то 2037-ро дар бар мегирад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушди ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Тибқи Стратегия, дар кишвар як қатор ислоҳотҳо тасдиқ гардида, баҳри таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияҳои муосиру инноватсионӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти "иқтисоди сабз" пешбинӣ шудааст.
"Сифр - партов": Азми Тоҷикистон барои коҳиши газҳои гулхонаӣ
Ҳадафи дигаргуниҳо мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои каммасраф мебошад.
Ҳамчунин нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ин санад барои се соли оянда муаррифӣ гардид.
Ҳаҷми маблағгузорӣ барои “Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037” беш аз 21,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон қасд дорад дар 30 соли ахир партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳадди ақал расонад. Дар ҳамин ҳол, ҳоло саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз буда, дар ин рейтинг кишвар дар мақоми 130-ум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0