Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон низоъи охири марзиро зуд ҳал карданд

© Пресс-служба президента КР / Султан Досалиевфлаги Таджикистана и Кыргызстана
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Муноқишаи наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки 3 декабр рух дод, зуд аз сӯи марзбонон ва ҳамчунин шӯъбаҳои минтақавии пулис ҳал гардид
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Намояндагони сарҳадии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар қитъаҳои Бодканд ва Исфара дар минтақаи Даҳма мулоқот карданд. Дар ин бора Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа роҳбарони воҳидҳои ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ширкат доштанд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз иғво ва ташдиди авзоъ миёни сокинони рустоҳои марзӣ ҷилавгирӣ мекунанд ва омили асосии сар задани нооромии ахирро мақомоти ҳудудии ВКД таҳқиқ мекунад.
Зикр гардид, ки ба ин минтақа гурӯҳи иловагии кормандони милитсия аз ҳр ду ҷониб фиристода мешавад.
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як сокини маҳаллӣ захмӣ шуд
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ҷилавгирӣ аз вазъ дар қитъаи муштараки ҳифозати сарҳад ҳамкорӣ кунанд.
Тоҷикистон то ҳол расман ин қазияро шарҳ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки нисфирӯзи 3 декабр миёни сокинони назидмарзии деҳаи Сомониёни Исфараи ҷамоати Чоркӯҳ ва деҳаи Куктоши Бодканд даргирӣ рух дод.
Шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро сангборон намуданд, ки дар натиҷа як сокини Сомониён ҷароҳати сахт бардошт ва зуд ба бемористони ҷамоати Чоркӯҳ интиқол дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0