ДОИШ* масъулияти ҳамла ба сафорати Покистон дар Кобулро бар уҳда гирифт

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARБоец Талибана стоит у шлагбаума
Боец Талибана стоит у шлагбаума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Гурӯҳи террористии ДОИШ* дар баёнияе масъулияти ҳамлаи ахир ба сафорати Покистон дар Кобул пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Гурӯҳи террористии ДОИШ* бо интишори баёнияе дар сомонаи амақи вобаста ба ин гуруҳи масъулияти ҳамла ба сифорати Покистон дар Кобулро бар уҳда гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ин ҳамла ахиран дар ҳоле рух дод, ки давлат Покистон гуфта буд ҳадафи ин ҳамлаи Обидулраҳмони Низомонӣ, сафири ин кишвар дар кобул будааст.
Покистон бо маҳкум кардан ин ҳамла онро талоше барои террори кордор худ донист, ки дар ин ҳамлаи осебе надидааст.
Дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа муҳоҷимони мусаллаҳ ба сифорати Покистон дар пойтахти Кобули пойтахти Афғонистон, як муҳофизи ин маркази диплумотик захмӣ шуд.
Тибқи иттилои расонаҳои дохилӣ дар ин ҳамлаи террористӣ кордори сифорат Покистон осебе нарасидааст.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2022
Толибон: Ҳеч таҳдиде аз Афғонистон мутаваҷеҳи Исломобод нест
Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири дохилаи Покистон Роно Саноаллоҳ гуфтааст, ки “таҳрики толибони Покистон” аз хоки Афғонистони алайҳи давлати Исломобод истифода мекунад ва ҷилавгирӣ аз фаъолияти ин гурӯҳ ба суди Исломобод ва Кобул аст.
Вазири дохилаи Покистон иддао карда буд, ки таҳрики толибони Покистон аз тамомӣ имконот дар Афғонистон бархурдор аст ва наздик ба 5 ҳазор ҷангҷӯии он дар ин кишвар пинҳон шудаанд.
Дар вокуниш ба ин изҳорот сухангӯии вазорати дифои давлати муваққат толибон Иноятуллоҳ Хоразмӣ гуфтааст: “мо бори дигар ба тамоми кишварҳои минтақау ҷаҳони итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистони алайҳи кишварҳои дигар истифода нахоҳад шуд”.
* - Созмони террористиии мамнуъ дар қаламрави Русия
Лентаи хабарҳо
0