Футболбози беларусӣ мехоҳад шаҳрванди Тоҷикистон шавад

© Sputnik Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото
Заграничный биометрический паспорт гражданина РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2022
Обуна шудан
Бозигари дастаи “Истиқлол”, ки шаҳрванди Беларус аст, мехоҳад тобеъи Тоҷикистон шавад ва ҳоло ӯ дар ҷараёни гирифтани паспорти тоҷикӣ аст
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Футболбози беларусии дастаи “Истиқлол” Владислав Косминин дар ҷараёни дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистон аст, иттилоъ додааст, хабаргузории "pressball" дар истинод ба GOALTJ.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҳимоятгари белорусӣ дар ҳоли гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон аст.
Бояд гуфт, ки дар мавсими имсола футболбози белорусӣ дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекарда ва қаҳрамони Тоҷикистон шуд.
Косминин дар Белоруссия дар лигаи олӣ дар дастаҳои “Нафтан”, “Гранит” ва “Неман” бозӣ мекард.
Футбол. ЧМ-2022. Матч Польша - Аргентина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2022
Тимҳое, ки ба даври 1/8 финалии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфтанд
Ёдовар мешавем, ки тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Русия, дар моҳҳои январ-марти соли равон 33 ҳазору 84 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.
Дар қиёс қирғизҳову ӯзбекҳо ба маротиб камтар мақоми шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.
Тибқи гузориши ВКД-и Русия, дар се моҳи соли равон ҳамагӣ 5028 қирғиз ва 6509 ӯзбек дорои шаҳрвандии Русия шудааст.
Бояд гуфт, ки дар гирифтани шаҳрвандии Русия шаҳрвандони Украина пешсафанд. Дар ин давра 54641 украинӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Дар маҷмуъ дар се моҳи соли ҷорӣ 141 663 ҳазор нафар шаҳрванди Русия гаштаанд.
Лентаи хабарҳо
0