Изҳороти роҳбарони парлумонҳои СААД алайҳи силоҳи биологию заҳрдор

© Sputnik / Sputnik / Гузариш ба медиабонкЗнак на двери биологической лаборатории
Знак на двери биологической лаборатории - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзоиши хатарҳои коркарду корбурди силоҳи биологиро мояи нигаронӣ хондаанд
ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви СААД изҳорот дар мавриди роҳ надодан ба таҳияи силоҳи биологию заҳрдорро қабул намуданд.
Бар асоси изҳороти қабулшуда, масъулини парлумонҳо ба риояи қатъии Конвенсияи Женева дар мавриди мамнуъ будани истифодаи газҳои буғикунандаю заҳрдор ва васоили бактериологӣ аз соли 1925-ро таъкид намуда, зарур хондаанд, ки ҳар гуна шарту қайд дар ин маврид лағв гардад.
"Мо ҷонибдори худро аз ҷаҳони бидуни силоҳи биологӣ изҳор менамоем ва кишварҳои узви СААД дар ҳамоҳангӣ барои татбиқи бечунучарои Конвенсия дар фазои Созмон ва таҳкими заминаи қонунгузорӣ дар ин бахш нерӯҳои худро муштаракан равона мекунанд", - омадааст дар изҳорот.
Рустам Эмомали и Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Таъкиди Рустам Эмомалӣ ва Вячеслав Володин бар таҳкими равобити байнипарлумонӣ
Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Маскав ҷаласаи роҳбарони парлумонҳои кишварҳои узви СААД ҷараён дорад.
Аз Тоҷикистон раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ - СААД дар шаҳри Маскав қарор дорад.
Ба иттилои СААД, дар мулоқот раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ален Симонян, раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Владимир Андрейченко, раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов, ноибии раиси Сенати парлумони Қазоқистон Аскар Шакиров, раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Шакиев иштирок мекунанд.
Роҳбарии Ассамблеяи парламентии СААД-ро, раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин ба уҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0