Нияти Тоҷикистон барои пардохти қариб 1 млрд доллар қарз дар солҳои наздик

© Pixabay / Maklay62Чемодан с деньгами, архивное фото
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Обуна шудан
Дар тарҳи харҷу дахли Тоҷикистон барои 3 соли оянда, ки ҳукумат таҳия карда, Маҷлиси намояндагон онро тасдиқ намуд, пардохти қарзҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Барои хизматрасонии қарзи берунаи Тоҷикистон дар 3 соли оянда зиёда аз 991 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Ин нукта дар лоиҳаи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 мушаххас шудааст.
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, соли 2023 барои пардохти қарзҳои хориҷӣ наздики 254 млн доллар пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 284 млн доллар ва соли 2025 дар ҳаҷми қариб 454 млн доллар баробар шудааст.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Тоҷикистон 1,5 млрд доллари дигар қарз мегирад
Қаблан хабар дода шуд, ки барои пардохти қарзҳои давлатии Тоҷикистон дар соли оянда дар маҷмуъ соли оянда 3,4 млрд сомонӣ равона мегардад. Тавзеҳ дода шудаст, ки пардохти 2,4 млрд сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 997 млн сомонӣ аз ҳисоби иҷрои уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии корхонаҳои давлатӣ дар назар аст.
Давлати Тоҷикистон рушди иқтисоди миллиро дар соли 2023 ҳудуди 7,8% пешбинӣ кардаст. Бар асоси дурнамои блоки иқтисодии Тоҷикистон, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ - ММД соли оянда муодили 127,3 млрд сомонӣ хоҳад шуд. Маҳз бо такя бо ин нишондод харҷу дахли Тоҷикистон дар соли баъдӣ ҳисобу пешбинӣ гардидаст.
Дар тарҳи буҷети соли соли 2023, ки ахиран парлумон қабул кард, қисми даромад беш аз 37,1 млрд сомонӣ ва қисми хароҷот 38,1 млрд сомониро ташкил медиҳад. Касри буҷет 0,8% нисбат ба ММД ё 1,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0