Афзоиши кишти хашхош дар Афғонистон таҳти ҳукумати толибон

 сок мака - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул аз афзоиши 32 дарсадии кишти хашхош дар Афғонистон дар миқёси соли 2021 хабар до
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дафтари намояндагии СММ дар Кобул ахиран эълом кард, ки мушкили бузурги маводи мухаддир дар Афғонистон ҳамчунон ҳал нашуда монда ва ин кишвар тавлидкунанда 85 дарсади тарёк дар ҷаҳонаст.
СММ ҳамчунин бо ишора ба дидори Роза Атанбаева, намояндаи вижаи дабири кулли СММ бо Абдулҳақ Охунд, масъули мубориза бо маводи мухаддир дар вазорати дохилаи давлати муваққати толибон, мамнӯъияти маводи мухаддир, дармони муътодон, таваққуфи тавлиди тирёк, огоҳии бахше дар мавриди зиёни маводи мухаддир ва ёфтан машоғиле ба ҷои тавлиду фурӯши маводи мухаддирро меҳвари аслӣ ин гуфтугӯ эълом кард.
Толибони апрели соли 2022 кишти хашхошу тавлиди соири маводи мухаддирро мамнӯъ эълом кард. Аммо дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ (UNODC) дар охирин гузориши худ аз афзоиши кишти хашхош дар соли 2022 дар Афғонистон ва афзоиши се баробарии қимати тирёки пас аз мамнӯъияти кишти хашхош дар Афғонистон хабар дод.
Поле опийного мака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Афғонистон дар доми балои дигар: афзоиши даҳшатбори кишту истеҳсоли маводи мухаддир
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш СММ хабар дода буд, ки дар Афғонистон афзоиши башиддати маводи мухадир саб шуда, даромад аз кишти он қариб се баробар зиёд шудааст.
Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0