IRS: маҳдудияти ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқ бартараф шуд

© Дафтари матбуоти ширкати IRSБарфрӯбӣ дар масири Душанбе - Чаноқ
Барфрӯбӣ дар масири Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, cабаби маҳдудиятҳоро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Роҳи Душанбе - Чаноқ кушода буда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст, иттилоъ дод ширкати Ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" - IRS.
Ширкат, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, таъкид намудаст, ки бо вуҷуди барфрезӣ ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкат ҳаракати тамоми намуди нақлиёт имконпазир мебошад
Рӯзи гузашта IRS иттилоъ дода буд, ки аз километри 10 то 73 - юми роҳи Душанбе - Чаноқ бориши пуршиддати барф сурат гирифта, ҳаракати мошинҳои боркаши вазнин ва ядакдор маҳдуд карда шудаст.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Маълум шуд, ки ҳавои моҳи декабр дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад
Таъкид шуда буд, ки муваққатан маҳдуд кардани гузариши Фура ва автомобилҳои боркаши ядакдор ба он хотир аст, ки ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод нагардад.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистонро то анҷоми даҳрӯзаи аввали моҳи декабр хунукии шадид ва боришоти зиёди барфу борон интизор аст, хабар дод КҲФ-и ҷумҳурӣ. Ба иттилои ин ниҳод, то 9 декабр дар водиҳо борону барфи тар ва дар минтақаҳои кӯҳӣ барфрезии шадид сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ ба сокинону шаҳрвандони ҷумҳурӣ чанд тавсия ироа намудааст. Аз ҷумла хостаст, бидуни омодагӣ ба сафар набароянд.
Лентаи хабарҳо
0