Ошкори зукоми хукӣ дар 74 минтақаи Русия

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСитуация в связи с коронавирусом в России
Ситуация в связи с коронавирусом в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
Роспотребнадзори Русия ахиран эълон кардааст, ки дар 74 минтақаи ин кишвар зукоми хукӣ ошкор шудааст. Ин ниҳод сокиононро ба моякӯбӣ даъват кард
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Мутахассисони бахши тандурустии Русия дар 74 минтақаи ин кишвар зпаҳншавии укоми хукро ба қайд гирифтанд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Роспотребнадзор.
"Дар сохтори вирусҳои ғайризукомӣ ҳиссаи зиёд миёни риновирусҳо (13,3%), вирусҳои РС (12,0%), метапневмовирусҳо (10,1%), аденовирусҳо (7,2%) баландтарин боқӣ мемонад. Зукоми хукӣ аллакай дар 74 минтақаи Русия сабт шудааст", - иттилоъ додааст Роспотребнадзори Русия.
Дар охири моҳи ноябр вазири тандурустӣ Михаил Мурашко қайд кард, ки зукоми хук (H1N1) имсол ба таври густарда паҳн мешавад ва аз сокинон хоҳиш кард ба моякӯбӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Путин талаб кард, ки таваҷҷуҳ ба коронавирусро кам накунанд
Вай таъкид кард, ки афроде, ки то ҳол алайҳи зуком эм нашудаанд, бояд ин корро кунанд. Илова бар ин, онҳое, ки зиёда аз шаш моҳ пеш зидди коронавирус ваксина гирифта буданд, бояд дубора моякӯбӣ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо фармондорҳо аз онҳо талаб кард, ки таваҷҷуҳ ба коронавирусро, ки хусусияти мавсимӣ дорад кам накунанд.
Президенти Русия Владимир Путин тақозо кард, ки ба вазъи коронавирус таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, чунки он ба як бемории мавсимӣ табдил ёфтааст.
"Ба ҳар ҳол, мо бояд рӯи он кор кунем, таваҷҷуҳро ба ин масъалаҳо кам накунем, зеро чуноне ки коршиносон мегӯянд, ин беморӣ хусусияти мавсимӣ пайдо кардааст", - гуфт ӯ дар мулоқот бо фармондори вилояти Твер Игор Руденя.
Бояд гуфт, пештар Тедрос Адҳаном Гебрейесус, директори генералии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) пандемияи COVID-19 дар арафаи анҷомёбист.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъ дар ҷаҳон аз ҳарвақта бештар барои рафъи сирояти коронавирус мувофиқ аст.
Лентаи хабарҳо
0