Қиматӣ дар Афғонистон: нархи тухму гӯшт 50% гарон шуд

© AP / Ebrahim Noroozi9-летняя афганская девочка работает на кирпичном заводе на окраине Кабула, Афганистан
9-летняя афганская девочка работает на кирпичном заводе на окраине Кабула, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Афғонистон ин ду маводи ғизоиро низ аз дигар давлатҳо ворид мекунад. Бозорҳоро ҷумҳуриҳои Покистону Эрон ва Ӯзбекистон бо гӯшту мурғ таъмин мекунанд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Шаҳрвандони Афғонистон бинобар афзоиш ёфтани қимати маводи ғизоӣ даст ба эътироз заданд, хабар медиҳад Pars today.
Ба иттилои манбаъ, мардум қариб дар тамоми шаҳрҳо аз ҷумла дар Кобул ҳам аз якбора баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ сахт нигаронанд.
Гуфта мешавад, нархи гӯшт ва мурх дар бозорҳои Кобул то 50 дарсад қимат шудааст.
Агар пештар мардум 30 донна тухмро бо арзиши 200 афғонӣ харидорӣ мекард, ҳоло нарх то 300 афғонӣ гарон шудааст.
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Идомаи фақру гуруснагӣ дар Афғонистон: ёриҳои башардӯстона кумак накард
Маврид ба зикр аст, ки бозорҳои Афғонистонро асосан ҷумҳуриҳои Қазоқистону Ӯзбекистон ва Эрон бо гӯшту тухм таъмин мекунанд.
Қаблан, Барномаи ҷаҳонии ғизо дар як гузорише қайд намуд, ки пас аз тасаллути толибон иқтисоди Афғонистони заъиф шуда, ба ҷаддитарин хатари қаҳтӣ тайи 20 соли ахир мардуми ин кишварро таҳдид мекунад.
Ин ҳушдор дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бо гузашт беш аз як сол аз тасаллути толибон бар Афғонистон фақру гуруснагӣ афзоиш ёфтааст
Лентаи хабарҳо
0