Шарҳи сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Суғд - видео

© Sputnik / Кирилл ШипицинМашина пожарной службы
Машина пожарной службы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
Сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки аксу наворҳои он рӯзи охир дар интернет ба чархиш даромадаанд, дар шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Мегаойл"-и ширкати "Оқтансервис" дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии ҷамоати Қалъачаи калони шаҳри Истаравшан оташ гирифтааст.
Дар ин бора сардори шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Суғд, ки ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудааст, дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор баъди зуҳри 6 декабр дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Мегаойл" сар зада то ба ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва навбатдории ин иншоот доман паҳн кардааст.
Бино ба иттилоъи мақомот бар асари сӯхтор беш аз 40 метри мураббаъ, масоҳати атрофи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ тахриб шудаст.
Қодирзода меафзояд, дар вақти рухдоди ҳодиса фавран 4 мошини обпоши сӯхторнишонӣ аз шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ба маблағи 260 ҳазор сомонӣ молу ашё аз коми оташ наҷот дода шудаст.
Алҳол аз сӯи мақомот сабаб ва хисороти дақиқи расида аз оташсӯзӣ таҳқиқ карда мешавад.
Дар вилояти Суғд давоми панҷ рӯзи аввали моҳи декабр ин 8 умин ҳодисаи нохуши сӯхтор мебошад. Бар пояи иттилоъи мақомот давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар Суғд дар маҷмуъ 460 мавриди оташсӯзӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бисёрашон дар пайи нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор рух додаанд.
Лентаи хабарҳо
0