Боздиди Далер Ҷумъа аз ширкати таъмироти нерӯгоҳии Эрон

© Посольство Ирана в ТаджикистанеДалер Джума Шофакир - министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана
Далер Джума Шофакир - министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо зарфиятҳои Эрон дар бахши тавлид, таҷҳизу таъмироти нерӯгоҳҳои тавлиди барқи Эрон ошно шуд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар сафари якрӯза аз ширкати таъмироти нерӯгоҳии Эрон боздид кард.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо ҳадафи ошноӣ бо зарфиятҳои Эрон дар бахши тавлид, таҷҳизу таъмироти нерӯгоҳҳои тавлиди барқи Эрон дар сафари якрӯза ба Пардис аз ширкати таъмироти нерӯгоҳии Эрон боздид кард.
Мудири омили ин ширкат дар боздид бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ҳудуди 50 дарсад таҷҳизоти ҳароратии нерӯгоҳи Эрон дар дохили ин кишвар ва тавассути ширкати таъмироти нерӯгоҳии Эрон сохта мешавад.
Вай гуфт, дар Эрон 132 нерӯгоҳ ва 640 воҳиди нерӯгоҳӣ дорем, ки зарфияти насбшудаи мо 90 ҳазор мегаватт аст.
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Дар Машҳад имкони тақвитяи тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон баррасӣ мешавад
Ба гуфтаи вай, аз ин миён ҳудуди 72 ҳазор мегаватт марбут ба системаи тавлиди ҳароратии барқ аст, ки кори таъмироти он дар ширкати таъмироти нерӯгоҳии Эрон анҷом мешавад.
Мудири омили ширкати модари тахассусии тавлиди неруии барқи ҳароратии Эрон гтаъкид кардааст, ки ҳудуди 50 дарсад таҷҳизоти ҳароратии нерӯгоҳии Эрон дар дохили ин кишвар тавассути ширкати таъмироти нерӯгоҳӣ сохта мешавад.
Вай афзуд, барои таъмирот ба ширкатҳои мухталифи таъмиротӣ ниёз аст. Ба ҳамин манзур дар маҷмӯъаи ширкати таъмироти нерӯгоҳии Эрон 40 ширкати мухталиф дар ҳоли хизматрасонӣ ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0