Тағйироти кадрӣ: шарту талаби Раҳмон аз додрасҳои навтаъйин дар Тоҷикистон

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар низоми додгоҳии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дода, афзудаст, ки минбаъд ба ин ниҳод танҳо донандаҳои 2 забони хориҷӣ ҷалб мешаванд
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои ҷавону ояндадоре, ки дар мақомоти судӣ таъйин гардидаанд, таъмини волоияти қонун, адолату шафофиятро хост.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, кадрҳои ҷавон ба вазифаҳои судяи судҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва судҳои вилоятиву шаҳри Душанбе таъйин гардиданд.
Раҳмон зимни мулоқот бо додрасҳои навтаъйин аз онҳо баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат талаб намуда, онҳоро барои ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату миллат талаб кардааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи таъйин намудани интихоботи судяҳо
Риояи ҳатмии талаботи қонун ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ба таъхир афтодани муҳлатҳои баррасии парвандаҳо аз талаботи дигари Раҳмон аз додрасҳо будааст.
Ҳар корманди мақомоти судӣ бояд бо заҳмати пайгирона ва дасту дилу нияти пок соҳиби обрӯ гардад, ба давлату миллат содиқона хизмат кунад ва вазифаи пуршарафи судяро танҳо бо риояи қатъии талаботи қонун ва бо дарки баланди масъулият иҷро намояд, таъкид намудаст президент.
"Судяҳо на танҳо зимни фаъолияти касбӣ, балки берун аз кор ва дар зиндагӣ низ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай таъкид намудаст, ки ҳукумат минбаъд низ нисбат ба мутахассисони ҷавон, тарбия, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо хусусан аз ҳисоби занону духтарон ва боз ҳам беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандони мақомоти судии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар мавриди масъалаи бозомӯзии кадрҳои ҷавон таъкид шудаст, ки минбаъд барои қабул ба озмуни коромӯз-судяҳо донистани ду забони хориҷӣ яке аз шартҳои муҳимми озмун бояд бошад.
Дар фарҷоми мулоқот президент ба додрасҳои навтаъйин дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намудааст.
Лентаи хабарҳо
0