Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин дар бораи басиҷи навбатӣ: ниёз нест

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Президенти Русия дар бораи сафарбарсозии иловагӣ гуфт, имрӯзҳо давлат ва вазорати дифоъ ин кор ниёз надорад ва суҳбат дар ин бора маъно надорад
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин эҳтимоли эълони басиҷи навбатиро шарҳ дод.
Ба гуфти президенти Русия, аз 300 ҳазор сафарбаршуда, танҳо 150 ҳазори онҳо дар майдони ҷанг ҳастанд ва 150 ҳазори дигар аз омӯзиш мегузаранд.
Ба ақидаи ӯ дар чунин шароит, имрӯзҳо суҳбат дар бораи сафарбарсозии навбатӣ маъно надорад.

"Дар шароити кунунӣ суҳбат дар бораи чораҳои иловагии сафарбаркунӣ маъно надорад - ва имрӯз давлат ва вазорати дифоъ ба ин ниёз надорад", - гуфт ӯ.

Пештар, котиби матбуотии Кремл, Дмитрий Песков, маълумотро дар бораи паёми президенти Русия, ки дар он гӯиё раисҷумҳур, Владимир Путин"басиҷи навбатӣ" эълон мекунад, бепоя хонд.
Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин рӯзи 21 сентябр аз сафарбаркунии нисбӣ дар кишвар хабар дода буд.
Кремл сарусадо атрофи омодагӣ ба басиҷи навбатиро такзиб кард
Тибқи фармони ӯ, танҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар захира ҳастанд ва дар навбати аввал онҳое, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардаанд, дорои ихтисосҳои муайяни ҳарбӣ ва таҷрибаи дахлдор мебошанд, даъват шуданд. Дар умум нақшаи даъвати 300 ҳазор нафар таъйид шуда буд.
Вазорати мудофиаи Русия аллакай 28 октябр аз анҷоми басиҷи нисбӣ дар кишвар гузориш дода, афзуд, теъдоди муқарраршуда аллакай ба артиш сафарбар гардиданд.
Теъдоди сафарбаршудаи шаҳрвандон ҳамагӣ ҳудуди як дарсад аз зарфияти умумии нерӯҳои захиравии Русия арзёбӣ мешаванд, ки то 25 млн нафар гуфта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0