Путин: Русия иттифоқчиёни худро бо ҳар восита ҳимоят хоҳад кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Президенти Русия гуфт, кишвараш силоҳи ҳастаиро ба касе намедиҳад, ин танҳо як "воситаи боздорӣ" аст, ки боиси густариши низоъҳо намешавад
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар гуфт, Русия аз муттаҳидони худ бо тамоми воситаҳо дифоъ хоҳад кард.
Ӯ зимни посух додан ба суол дар бораи хавфи ҷанги ҳастаӣ, қайд кард, ки яроқи ҳастаӣ аз ҳама зиёд дар қитъаи Урупо ҷойгир аст.
Вай таъкид кард, ки Русия ба фарқ аз Амрико, дар кишварҳои дигар силоҳи ҳастаӣ надорад.
"Мо силоҳи ҳастаии худро ба касе надодаем ва намедиҳем, аммо, албатта, мо муттаҳидонамонро бо тамоми воситаҳое, ки дар ихтиёр дорем, ҳифз хоҳем кард", - гуфт Путин.
Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, ки Русия қасд надорад, ки силоҳи ҳастаиро ба мисли риштарош истифода кунад.
Путин дар бораи басиҷи навбатӣ: ниёз нест
Путин қайд кард, ки Русия "ақлашро гум накардааст" ва аз силоҳи ҳастаӣ комилан огоҳ аст ва афзуд, ки ин танҳо як "воситаи боздорӣ" аст, ки боиси густариши низоъҳо намешавад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҳамагӣ инро дарк кунанд.
"Мо ин воситаҳоро дорем, онҳо дар шакли пешрафта ва замонавитар аз ҳар кишвари ҳастаидор ҳастанд, ин аён аст. Имрӯз ин як далели ошкор аст", - гуфт раҳбари Русия.
Лентаи хабарҳо
0