Кремл: Қатъи низоъ дар Украина аз оқои Зеленский вобаста аст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Обуна шудан
Сухангӯи расмии раисҷумури Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ки оқои Зеленский хуб медонад, ҷанг кай метавонад дар Украина анҷом ёбад
ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Владимир Зеленский медонад, агар бихоҳад, ҷанг дар Украина фардо хотима меёбад, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
Песков дар шарҳи изҳороти Зеленский дар бораи хатми муноқиша дар соли 2023 ба хабарнигорон гуфт: "Дар ин ҳолат, баҳс метавонад зиёд давом кунад, ки кай ҷанг тамом мешавад. Зеленский медонад, кай ин ҷанг тамом мешавад, агар хоҳад ҳамааш фардо анҷом меёбад".
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш президенти Украина Владимир Зеленский дар як паёми видеоӣ бо нашрияи Politico тахмин зажд, ки низоъ дар Украина эҳтимолан соли оянда хотима меёбад.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Зеленский замони эҳтимолии поёни низоъ дар Украинаро гуфт
"Ман бовар дорам, ки украиниҳо дар соли оянда низ бонуфузтарин хоҳанд буд, аммо дар замони осоишта", - гуфтааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар дидор бо аъзои Шӯрои ҳуқуқи башар гуфт, амалиёти вижаи низомӣ дар Украина метавонад як раванди тӯлонӣ бошад.
"Дар бораи раванди тӯлонии натоиҷи як амалиёти вижаи низомӣ, хуб, албатта, ин метавонад як раванди тӯлонӣ бошад. Аммо баъд шумо ёдовар шудед, ки қаламравҳои нав пайдо шуданд. Ин барои Русия натиҷаи муҳим ва як масъалаи ҷиддӣ аст", - гуфт Путин.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Лентаи хабарҳо
0