Лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2023 пеш аз соли нави мелодӣ баррасӣ мешавад

Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум рӯзи 22 декабри соли равон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ба тасвиб расид, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Таъкид шудааст, ки ба рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе “дар бораи ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2022” ироа гардида, инчунин лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2023 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2021 баррасӣ мегардад.
Ҳамзамон масъалаҳои татбиқи “Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025” ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт муҳокима карда мешаванд.
Горы на границе Таджикистана и Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Таъкиди Рустами Эмомалӣ ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон
Тибқи қарори дахлдор, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 19 декабри соли 2022 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.
Қарор аст иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 22 декабри соли 2022, дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ баргузор гардад.
Лентаи хабарҳо
0