Дар Петербург қазияи марги як фарзанди муҳоҷирони тоҷик таҳқиқ мешавад

Автомобиль скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Фоҷиа дар хонаи муҳоҷирони корӣ, зодаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Красногвардейскии пойтахти шимолӣ зиндагӣ мекарданд, рух додааст
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар як хонаводаи зодагони Тоҷикистон, ки дар Санкт-Петербург муқим аст, кӯдаки сесола ҷон бохт, хабар медиҳад 78.ru бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Кӯдак пас аз беморӣ дар манзили муҳоҷирон, ки дар хиёбони Пискаревский дар ноҳияи Красногвардейский воқеъ буд, ҷон дод.
Пулис дарҳол пас аз ин қазия ба ҷои ҳодиса шитофт.
"Онҳо ҷасади кӯдаки сесола, шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо карданд, ки аломатҳои берунаи марги маҷбурӣ надошт. Ноболиғ дар қаламрави Федератсияи Русия сабти ном нашудааст", - афзуд манбаъ.
Маълум мешавад, ки падару модар писарро дар хона табобат кардаанд.
Ҳанӯз 5 декабр ӯ худро бад ҳис кардаву табаш баланд ва дар ӯ сулфаву оби бинӣ пайдо мешавад, аммо муҳоҷирон ба табибон муроҷиат накарда, танҳо бо доруҳои аз дорухона харидашуда ӯро табобат мекарданд.
Операция по эндопротезированию грудного отдела аорты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Табибон дар Краснодар ба таври мӯъҷиза як тоҷикро бо аномалияи нодир наҷот доданд: видео
Падари ин писарбача, ҷавони 26-солаи тоҷик, ба таври ғайрирасмӣ ба ҳайси ғизорасон кор мекунад, аммо патент дорад.
Модари 23-сола кӯдак бошад, бидуни қайд ба сар мебарад ва дар ягон ҷо кор намекунад.
Аз рӯи ин далел тафтишот идома дошта, коршиносон сабаби дақиқи марги ноболиғро муайян мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0