Русия: Виктор Бут ба Ватан баргашт

© AFP 2023 / CHRISTOPHE ARCHAMBAULTВиктор Бут
Виктор Бут - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати умури хориҷии Русия хаӣар додааст, ки Виктор Бут пас аз чанд соли бандибуданаш дар зиндони Амрико ба ватанаш баргардонида шуд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар фурудгоҳи Абузабӣ бомуваффақият табодулоти Виктор Бут ба варзишгари амрикоӣ Бритни Гринер анҷом ёфт, иттилоъ додааст ВУХ-и Русия.
"Шаҳрванди Русия ба ватанаш баргардонида шуд", — омадааст дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Вазорати хориҷии Русия тавзеҳ додааст, ки Русия ва Иёлоти Муттаҳида муддати тӯлонӣ масъалаи раҳоии Бутро баррасӣ мекардаанд.
Вашингтон гуфтугӯ дар ин бора ва шомил кардани онро ба феҳристи табодул қатиян рад мекарданд. Бо вуҷуди ин, Вазорати корҳои хориҷӣ барои наҷоти шаҳрванди Русия корҳои зиёдеро анҷом дод.
Тавофуқ дар бораи иваз кардани Грейнер ба Бут дар АМА ба даст омад.
Ҳарду Бут ва Грейнер пеш аз мубодила дар Абузабӣ афв шудаанд ва ҳукми боқимондаи худро метавонанд дигар дар кишварҳои худ адо накунанд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова изҳор дошт, ки табодули Бут ба Грейнерро метавон тӯҳфаи солинавӣ номид.
Соҳибкори рус қаблан дар Иёлоти Муттаҳида барои қасди ғайриқонунии қочоқи силоҳ ва пуштибонӣ аз терроризм ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Ӯ тақрибан 15 сол дар зиндони ИМА банд буд.
Варзишгари ИМА, баскетболбози амрикоӣ, Дар Русия бо маводи мухаддир боздошт шуд ва аз сӯи додгоҳи ин кишвар ба дар қочоқи маводи мухаддир дар Русия гунаҳкор дониста шуд.
Додгоҳи ӯро барои 9 сол зиндон карда 1 миллион рубл ҷарима кард.
Лентаи хабарҳо
0