Бунёди ду фабрикаи парандапарварӣ дар шаҳри Гулистон

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдФабрикаи паррандапарварии Гулистон
Фабрикаи паррандапарварии Гулистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Обуна шудан
Дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси ширкатҳои “Мурғи бебаҳо” ва “Ганҷи сомон” бунёди фабрикаҳои парандапарварӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 9дек — Sputnik. Мақомоти Суғд аз бунёди ду фабрикаи парандапарварӣ дар шаҳри Гулистон хабар дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд фабрикаҳои мазкур бо ташаббуси ширкати “Мурғи бебаҳо” ва ширкати “Ганҷи сомон” бунёд мегарданд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки бо фаъол шудани онҳо даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.​
Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёди фабрикаҳои нав шинос гардид.
Продажа яиц на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2019
Раҳмон дар Кӯлоб фабрикаи паррандапарварӣ ифтитоҳ кард
Зимни боздид раиси вилояти Суғд қайд кардааст, ки соҳибкорон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат корхонаҳои гуногун сохта, саҳми назарраси худро дар саноатикунонии кишвар​ гузошта истодаанд.
Бояд гуфт, ки фабрикаи парандапарварии​ ширкати “Мурғи бебаҳо” дар масоҳати наздик 2 га сохта шуда, дар он 10 нафар бо ҷои корӣ таъмин хоҳанд шуд. Ҳоло таҷҳизоти зарурӣ барои фабрика ворид гардида, 20 ҳазор сар чӯҷа парвариш карда мешавад.​
Дар фабрикаи парандапарварии “Ганҷи сомон” бошад парвариши 50 ҳазор сар мурғ ба роҳ монда хоҳад шуд ва айни замон корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0