Сӯхтори шадиди маркази савдои "Мега Химки"-и вилояти Маскав: видео

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкСотрудник МЧС во время учений
Сотрудник МЧС во время учений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Обуна шудан
Наҷотдиҳандагон барои пахши сӯхтор, ки майдони бузурги маркази савдо дар Химкиро фаро гирифтааст, мубориза мебаранд. Ба ҷои ҳодиса авиатсия низ даъват шудааст
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар Химки сӯхтори бузург шабакаи марказҳои савдои "Мега"-ро фаро гирифт, хабар медиҳад Вазорати ҳолатҳои фавқулода.
Он соати 18:15 дақиқа ба вақти маҳаллӣ оғоз ёфт. Деворҳо ва боми гипермаркети OBI дар масоҳати 17 000 метри мураббаъ оташ гирифтаанд. Боми бино аллакай фурӯ рехт.Эҳтимол меравад, ки оташ аз анбор паҳн шудааст.
Гузариши сӯхтор ба маркази савдои "Мега Химки" низ аз эҳтимол дур нест.
Айни замон дар ҷои ҳодиса хадамоти таъҷилӣ фаъолият доранд. Дар бораи қурбониён ва инчунин маълумот дар бораи сабаби сар задани сӯхтор мавҷуд нест.
Тибқи фарзияи муқаддамотӣ, пеш аз сар задани сӯхтор таркиши шадид ба вуқӯъ пайвастааст. Лаҳзаи таркиш дар наворҳои дурбини назоратӣ сабт шудааст.
Дар тамоми майдон сутуни бузурги дуди сиёҳи ғафс намоён аст, ки даҳҳо метр ба осмон миебарояд. Дидан мумкин аст, ки бино қариб тамоман сухта шудааст.
Сокинони маҳаллӣ иддао доранд, ки аз таркишҳо тирезаҳои манзилҳо меларзиданд. Қуттиҳои рангубор ва аэрозолҳо метарканд.
Ба ҷойи ҳодиса якчанд дастаҳои оташнишонӣ фиристода шуда, пулис низ ҳузур дорад. Дар осмон чархболи вазорати ҳолатҳои изтирорӣ парвоз мекунад. Барои хомӯш кардани сӯхтор ҷалби авиатсияҳо дар назар дошта шудааст ва гурӯҳи мазкур дар ҳоли омодабошист.
Дар дохили бино ба таври даврӣ садои таркишҳо шунида мешавад - аз ин рӯ, амалиёти наҷотдиҳӣ мураккабтар мешавад.
Додситонии вилояти Маскав низ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.
Лентаи хабарҳо
0