Сокини Душанбе барои дашном додани кормандони БДА ҳабс шуд

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники милиции
Сотрудники милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сокини 35-солаи пойтахт кормандони милитсияро дар ҳолати мастӣ дар хиёбони Рӯдакӣ дашномҳои қабеҳ задааст, ки барои ин кор ҷазо дода шуд
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Дар Душанбе сокини пойтахт барои беэҳтиромӣ нисбати кормандони БДА ва ҳамзамон вайрон намудани тартиботи ҷамъятӣ ҳабс карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, номбурда шабҳангом дар ҳолати мастӣ аз хиёбони Рӯдакӣ гузашта, нисбати кормандони бозрасӣ, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, онҳоро дашномҳои қабеҳ зад ва ба ҳамин роҳ тартиботи ҷамъиятиро низ халалдор кард.
Ҳабси кондуктор барои дашноми пирамард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Тафсилоти ҳабси кондуктор дар Душанбе: барои роҳкиро пирамардро дашном доду паст зад
Манбаъ меафзояд, нисбати сокини Душанбе тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.
Ҳамин тариқ, номбурда ба муҳлати ҳафт шабонарӯз паси панҷара меравад.
Қаблан, як кондукторро дар Душанбе барои таҳқир ва дашном додани пирамард ба муҳлати даҳ шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карданд.
Лентаи хабарҳо
0