Ҳукми сокини Роғун барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш эълон шуд

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Маҳкумшуда ҳамсари худро бо бераҳмии махсус ба ҳалокат расонда, зимнан суиқасд ба ҷонаш намуд, вале нафавтид, балки танҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошт
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми сокини шаҳри Роғунро эълон кард, ки дар қатли бераҳмонаи ҳамсари худ муттаҳам дониста мешавад.
Бо ҳукми додгоҳ муттаҳам ба 19 соли зиндон маҳкум шуд.
Бар хабари дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ҳодисаи куштор моҳи июни соли равон дар ҳудуди шаҳри Роғун рух дод.
Манбаъ меафзояд, миёни зану шавҳар мудом муноқишаҳои оилавӣ сурат мегирифт ва бори охир ҳамсарашро шадидан лату кӯб намуда, нақшаи аз ҳаётмаҳрум намудани ӯро кашид.
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Эълони ҳукми зиндони сокини ноҳияи Панҷ барои куштори падараш: "бо болға зад"
Маҳкумшуда бо як адад корди хоҷагидорӣ мусаллаҳ шуда, ба хонаи хушдоманаш рафт, зеро ҳамсари ӯ дар он ҷо ба сар мебурд.
Ӯ зану хушдоманашро думболагирӣ намуда, зимнан дар ҳузури модар зани худро бо 12 зарби корд ва бо бераҳмии махсус аз ҳаёт маҳрум кард.
Ҳамчунин якчанд маротиба бо корд ба гардани худ низ зарба расонд ва бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуд.
Бо ҳукми суд, маҳкумшуда 19 солро дар колонияи низомаш сахт сипарӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0