Аҷобати навбатӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол: Хорватия тими Бразилияро шикаст дод

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкФутбол. ЧМ-2018. Финал. Матч Франция - Хорватия
Футбол. ЧМ-2018. Финал. Матч Франция - Хорватия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вақти асосӣ бидуни гол анҷом ёфт ва дар вақти изофӣдар силсилаи пеналтӣ тими Хорватия бартарӣ нишон дод ва Бразилияро аз идомаи сабқат маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Мунтахаби Хорватия аз рӯи зарбаҳои пеналтӣ бар бразилиҳо пирӯз шуда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфт.
Ин бозӣ дар байни чорякфинал аввалин буд. Вақти муқаррарӣ бо мусовии бидуни гол анҷом ёфт ва бозӣ ба вақти иловагӣ гузашт.
Дар дақиқаи 105-ум Неймар ҳисобро боз кард, вале дар дақиқаи 117-ум Бруно Петкович ҳисобро баробар кард. Ғолиб дар зарбаи пеналтӣ муайян карда шуд ва аз ҳар як даста чаҳор зарбаӣ зад.
Футбол. ЧМ-2022. Матч Польша - Аргентина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2022
Тимҳое, ки ба даври 1/8 финалии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфтанд
Кӯшишҳои аввал ва чоруми бразилияҳо ба самар нарасид , аммо хорватҳо ҳар чор голро ба дарвозаи ҳариф ворид карданд ва ҳамин тавр бар тими Бразилия пирӯз шуданд.

Зимнан, дар бозии дигар мунтахаби Аргентина низ дар силсилаи пеналтӣ бар Голланд бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд. Ҳоло хорватҳо интизори бозӣ бо Аргентина ҳастанд.
Бояд гуфт, дарвозабони хорватӣ Ливакович қаҳрамони бозии даври 1/8 финалӣ бо Ҷопон буд, ки дар он ғолиб низ дар силсилаи пеналтӣ муайян шуд ва дарвозабон имкон надод, ки се туби ҳариф вориди дарвоза шавад.
Лентаи хабарҳо
0