Миҷгона Самадова дубора соҳиби медали тилои Ҷоми ҷаҳонии бокс шуд

© Фото : Мухамматжон ТаджибаевМижгона Самадова
Мижгона Самадова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2022
Обуна шудан
Ба хазинаи варзишии бокси Тоҷикистон боз як медали тило ворид шуд ва онро муштзанбонуи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳонии бокс ба даст овард
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳонии бокс медали тило гирифт.

Дар ин бора Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода, изҳор дошт, ки Самадова ҳамзамон корманди ин ниҳод мебошад.
Ба иттилои манбаъ, 19-умин Ҷоми Ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, дар минтақаи Белоярски Русия ҷараён дорад ва то 11 декабр идома хоҳад кард.
Самадова бар ду ҳарифи худ аз Русия ва Белорус пирӯз шуда, дар даври ниҳоӣ тавонист бар ҳарифи дигари худ, ки аз Русия буд, дастболо шавад ва унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии боксро азхуд кард.

Варзишгари тоҷик соли гузашта низ дар мусобиқаи мазкур ҳар чор ҳарифи худро шикаст дода, медали тило гирифта буд
Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Чемпионати Осиё барои муштзанҳои тоҷик бо 2 медал анҷомид
Дар ин мусобиқа рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва шаш вазн миёни занон ҷараён дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Самадова моҳи гуашта дар қаҳрамонии Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Аммони Урдун баргузор гардид, иштирок кард, вале дар даври аввал аз намояндаи Тайпей шикаст хӯрд.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 10 варзишгар намояндагӣ намуданд, вале танҳо Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддин соҳиби ҷои саввум гардида, медали биринҷиро ба гардан овехтанд.
Лентаи хабарҳо
0