Володин гуфт, Олмон ва Фаронса бояд ба сокинони Донбасс ҷуброн пардохт кунанд

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Государственной Думы Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси Думаи Давлатӣ гуфт, иҷро нашудани ӯҳдадориҳои қаблан пешбинишуда дар натиҷаи имзои созишномаи байналмилалӣ на танҳо аз даст додани эътимод, балки "ҷиноят" аст
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Олмон ва Фаронса пас аз изҳороти Ангела Меркел, садри аъзами собиқи Олмон дар бораи қасдан иҷро накардани тавофуқоти Минск бояд ба сокинони Донбасс ҷуброн пардохт кунанд.
Ин андешаро рӯзи шанбе Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ баён дошт.
"Пас аз эътирофи Меркел, Фаронса ва Олмон барои авзоъ дар Украина масъулияти моддӣ ва маънавӣ доранд. Онҳо бояд ба аҳолии Донбасс барои ҳашт соли наслкушӣ ва хисорот ҷуброн пардохт кунанд. Аммо ин танҳо ибтидо аст", -навиштааст Володин рӯзи дар канали Telegram-и худ.
Раиси Думаи Давлатӣ қайд кард, ки иҷро нашудани уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи созишномаи байналмиллалии баимзорасида ба нақша гирифта шудаанд, аз даст додани эътимод ва ҳамчунин "ҷинояте мебошад, ки барои он имзокунандагони созишномаҳои Минск - Меркел, [ Президенти собиқи Фаронса Франсуа] Олланд ва [собиқ президенти Украина Петро] Порошенко" - бояд ҷавоб диҳанд.
 Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2022
Давлати муфлис: Володин гуфт, Зеленский украиниҳоро аз оянда маҳрум сохт
"Нахуст соли 2014 вазирони корҳои хориҷии Фаронса ва Олмон як санади мусолиҳакунандаро ҳамчун кафили рушди мусолиматомези ҳаводис миёни мақомоти қонунии Украина ва мухолифин имзо карданд. Ҳамааш бо табаддулоти давлатӣ дар Киев ва наслкушии сокинони Донбасс анҷом ёфт", - гуфт Володин.
Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки аврупоиҳо бояд бидонанд, ки мушкилоти ба миёномад, аз ҷумла нарасидани нерӯи барқ, гармӣ, таваррус ва баста шудани корхона ба айби кӣ сар зад.
Лентаи хабарҳо
0