Ҷамъбасти пахтасупорӣ дар Суғд: Тақдими 7 мошин ба пешсафҳо

© PixabayХлопок, архивное фото
Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2022
Обуна шудан
Дар вилоят соли равон истеҳсоли қариб 134 ҳазор тонна пахта дар нақша буд, ки ба иттилои мақомот пахтакорони вилоят онро барзиёд иҷро карданд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Маъракаи пахтасупорӣ дар Суғд бо қадршиносии кишоварзони навоҳии пахтакор поён ёфт, хабар дод дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, маросими ҷамъбастӣ бо ҳузури раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини сарвазири ҷумҳурӣ, Сулаймон Зиёзода баргузор шуд.
Зикр гардид, ки дар асоси нақша соли равон дар вилоят дар масоҳати беш аз 57 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шуд, ки назар ба соли 2021-ум наздики 8 ҳазор гектар бештар мебошад.
"Дар вилоят соли равон истеҳсоли 133 ҳазору 800 тонна пахта ба нақша гирифта шуда буд ва боиси сарфарозист, ки пахтакорони вилоят аз ӯҳдаи иҷрои дурнамо бо сарбаландӣ баромаданд ва нақшаи солона 100,1% иҷро гардид", - омадааст дар иттилоия.
Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Кишоварзони Ашт дар пахтакорӣ рекорд гузоштанд
Дар раванди пешсафони ҷамъоварии пахта, дар баробари корхонаю хоҷагиҳо, ҳамчунин номи чинакчиён - Мавлуда Ғаниева аз ноҳияи Ашт, Санобар Иброҳимова аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Зуҳро Нарзуллоева аз ноҳияи Зафаробод, Муҳайё Расулова аз шаҳри Конибодом зикр шудааст.
Зебуниссо Саидаҳмедова аз ноҳияи Мастчоҳ, Маҳлиё Бобоева аз ноҳияи Спитамен, Азиза Орипова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дигарон аз ҷумлаи фаъолон будаанд, ки барои ҷамъоварии пахта заҳмат кашидаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд афзуд, ки дар ҷамъбасти маросим дар вазъияти тантанавӣ ба навоҳии пахтакори вилоят - Ашт, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Конибодом, Зафаробод 7 автомашинаи хизматӣ супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0