Борон меборад: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

CC BY 2.0 / Mary Clark / ?ready?Зонтик, архивное фото
Зонтик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2022
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво дар ВМКБ то 3 дараҷа гарм, дар Суғд то 1 дараҷа, Хатлон то 9 дараҷа ва Душанбею навоҳии атроф то 8 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон бориши сусти борон ба амал меояд, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳаво қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 23-28 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои қисман абрнок фаро гирифта, дар водиҳо ҳавои бебориш, дар бархе навоҳии куҳӣ барфрезӣ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук дар назар аст.
Заснеженный город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Зимистони Душанбе: беҳтарин аксҳои пойтахти барфпӯш
Бархе навоҳии Хатлонро низ бориши борон ва барф интизор аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 1-6 дараҷа хунук, рӯзона то 0+5 дараҷа гармӣ мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар бархе навоҳӣ барфу борон ва тормеғ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Душанберо ҳавои абрноки асосан бебориш фаро гирифта, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона то 5+7 дараҷа гармӣ мерасад.
Лентаи хабарҳо
0