Раиси Хатлон аз зудар ҷамъоварии ҳосили пахта ва кишти тирамоҳӣ гуфт

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонРаиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси вилояти Хатлон аз мақомдорон талаб кард, ки ҳар чӣ зудар боқимонда ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намуда ба кишти тирамоҳӣ омодагӣ гиранд
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ахиран дар бинои мақомоти вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳо ва қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок доштанд.
Дар ин ҷаласа раиси вилоят дар мавриди ҷамъоварии ҳосили пахта, картошка, тоза намудани заминҳои корам ва гузаронидани кишти тирамоҳӣ аз ҷумла ғалладонагиҳо аз ҳар як масъулин пурсон шуда, таъкид намуд.
Ҷаласаи корӣ оид ба баррасии вазъи зимистонгузаронӣ дар Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Мақомоти Хатлон гуфт барои зимистонгузаронӣ чӣ қадар ангишт захира кардааст
“Аз боду ҳавои муносиб истифода бурда, ҳар чӣ зудар боқимонда ҳосили пахтаро ҷамъоварӣ намуда, пойгоҳои обкаширо аз таъмир бароварда, заҳбуру заҳкашҳоро саривақт тоза намуда, аксяҳои тозагӣ гузаронида, ба шинонидани қаламча ва шинонидани дарахтон оғоз намоед”, - гуфт ӯ
Ҳамчунин раиси вилояти Хатлон таъкид намуд, ки дар арафаи соли нав ва дигар идҳо кумакҳои хешро ба дидбонгоҳо, мактабинтернатҳо ва хонаҳои пиронсолон расонанд.
“Дар ҳамин замина зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар ҳама ҳолат дар нигоҳ доштани тинҷию амонии ватани азизамон омода бошед”, - таъкид кард Қурбон Ҳакимзода.
Лентаи хабарҳо
0