Баррасии ҳамкориҳо дар бахши иқтисод ва маориф миёни Муҳриддину Лавров

© МИД РТСергей Лавров и Сироджиддин Мухриддин
Сергей Лавров и Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар мулоқоти вузарои хориҷаи Тоҷикистону Русия ба ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла ба масъалаҳои иқтисод ва маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Русия Сергей Лавров баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ гуфтугӯи телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Русия сурат гирифтааст.
Қайд карда шудааст, ки вазирон масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатиро баррасӣ намуданд.
“Дар рафти суҳбат мубодилаи афкор атрофи ҳамкории ду кишвар дар доираи СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт”,- таъкид кардааст вазорати хориҷа.
Зикр гардида аст, ки гуфтугӯ дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
ТПП Таджикистана встретилась с представителей бизнеса Курганской области РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Русияву Тоҷикистон хостори таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ҳастанд
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисоди Русия, гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар 8 моҳ нисбат ба соли 2021 беш аз 22 дарсад афзоиш ёфта, 922,6 миллион долларро ташкил додааст.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2021 кишварҳо 1,2 миллиард доллар тиҷорат кардаанд, ки нисбат ба соли 2020 45% афзоишро нишон медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0