Русия ва Тоҷикистон дар мавриди омӯзиши муҳоҷирони сохтмончӣ тавофуқ карданд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкРабочие на строительной площадке, архивное фото
Рабочие на строительной площадке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2022
Обуна шудан
Анҷумани миллии бинокорони Русия марказҳои имтиҳонӣ дар Тоҷикистонро барои гузаронидани расмиёти арзёбии тахассуси бинокорон ташкил мекунад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар Душанбе созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Анҷумани миллии бинокорон (НОСТРОЙ) ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба имзо расид, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ин созиш зимни сафари президенти "НОСТРОЙ" Антон Глушков ба Тоҷикистон ва дидору мулоқоташ бо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ ҳосил шудааст.
Ҳуҷҷате, ки аз ҷониби онҳо имзо шудааст, роҳандозии шарикӣ ва рушди ҳамкориҳои дарозмуддатро дар назар дошта, ба баланд бардоштани сифати захираҳои меҳнатӣ нигаронида шудааст.
Ҷонибҳо қасд доранд, дар эҷоди як механизми арзёбии тахассуси муҳоҷирони тоҷик, ки дар соҳаи сохтмон дар Русия кор мекунанд, якҷоя кор кунанд.
""НОСТРОЙ" заминаи моддию техникиро барои ташкили таълими касбӣ ва арзёбии тахассуси мутахассисони соҳаи сохтмон дар қаламрави ҷумҳурӣ таъмин хоҳад кард", - гуфт манбаъ.
Анҷумани Русия ифтитоҳи марказҳои имтиҳонӣ дар Тоҷикистонро барои роҳандозии расмиёти арзёбии тахассуси бинокорон ташкил мекунад.
"НОСТРОЙ" ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандоне, ки аз имтиҳони тахассусӣ гузаштаанд ва ҳуҷҷатҳои тахассусӣ дар Федератсияи Русия эътироф шудаанд, маълумот ирсол мекунад.
Трудовые мигранты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2022
Барои муҳоҷирон дар Русия шаҳодатномаи нав ҷорӣ мекунанд
Ба гуфтаи Шаҳноза Нодирӣ, Вазорати меҳнат барои омода кардани мутахассисони соҳибихтисос аз рӯи ихтисосҳои корӣ ва арзёбии тахассуси шахсони дорои малакаҳои касбии дахлдор манфиатдор аст.
Глушков таъкид кард, ки шартномаи имзошуда барои ҳар ду мамлакат аҳамияти калон дорад.
"Саноати сохтмонӣ дар Русия имрӯз ба нерӯи кории баландихтисос ниёз дорад, аммо мо бояд сатҳи омодагии мутахассисонеро, ки ба назди мо меоянд, дарк кунем", - гуфт ӯ.
Ҳоло бо ҷумҳурӣ механизми муташаккилона ба қаламрави Русия овардани коргарон муқаррар карда шудааст. Он дорои тартиби дохилии тасдиқи тахассус аст, то одамоне, ки имтиҳони касбиро бомуваффақият супурдаанд, ҳадафмандона ба ҷойҳои холии мушаххас меоянд.
Лентаи хабарҳо
0