Бунёди корхонаи нави коркарди мис, сурб ва нуқра дар шаҳри Истиқлол

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдДар шаҳри Истиқлол корхонаи нави саноатӣ бунёд мешавад
Дар шаҳри Истиқлол корхонаи нави саноатӣ бунёд мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Обуна шудан
Сохтмони корхона дар соли 2023 оғоз ёфта, дар муддати якуним сол ва бо харҷи 50 миллион доллари ба анҷом расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар шаҳри Истиқлол боз як корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, корхона аз ҷониби Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой сохта мешавад.
“Лоиҳаи он пурра омода шудааст ва соли 2023 корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, дар муддати якуним сол ва бо харҷи 50 миллион доллари ИМА ба анҷом расонида мешавад”,- таъкид доштааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки дар корхона коркарди мис, сурб ва нуқра ба роҳ монда шуда, то 150 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.​
Таъмири 4 бинои хобгоҳ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд 160 оилаи ниёзманд соҳиби манзил мешаванд
Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо масъулини Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз муҳимияти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ёдовар шуд.
Вай таъкид кард, ки дар шаҳри Истиклол барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ зарфият ва имконоти зиёд мавҷуд аст.
Дар сурати бунёди корхонаҳои нав ҳам ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мегардад ва ҳам шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0