Духтари тоҷик барандаи озмуни "Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия" шуд - видео

Обуна шудан
Дар пойтахти Русия даври ниҳоии озмуни "Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия" баргузор шуд, ки дар духтари тоҷик баранда шуд
Дар марҳилаи ниҳоӣ озмуни "Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия" 7 духтари ҷавон аз кишварҳои мухтлаифи ИДМ иштирок доштанд.
Аз ин 7 духтар чаҳор нафарашон ҷавон духтарони тоҷик буданд.
Иштироккунандагони мусобиқа на танҳо барои тоҷи зебосанам, балки барои дарёфти ҳуқуқи таҳсил дар яке аз Донишгоҳи нави Русия рақобат карданд.
Зодаи Душанбе Русияро дар озмуни "Зебосанами ҷаҳон" муаррифӣ мекунад
Суруду рақсҳо, расму оинҳои миллӣ – озмуни эҷодӣ беҳтарин рӯйдоди ин озмун гардид. Духтарон дар бораи зодгоҳу анъанаҳои худ бо эҳсос ва муҳаббати хоса нақл мекарданд Беҳтарин лаҳзаи ин озмун эълони натиҷаҳо буд.
Моҳтоб Музорова аз ВМКБ сазовори унвони зебосанам шуд. Ин ҷавондухтар гуфтааст, ки мехоҳан рӯзноманигор шавад ва ба ҷаҳон дар бораи руйдодҳои муҳим хабардор кунад.
“Ростӣ, ман барои иштирок дар ин озмун аз худ боварӣ доштам аммо пирӯз шуданамро интизор надоштам. Ман танҳо мехостам иштирок кунам ва каме таҷриба ба даст биёрам. Ман танҳо мехостам иштирок кунам ва каме таҷриба ба даст биёрам”, - гуфт Моҳтоб Музорова.
Лентаи хабарҳо
0