Бозгашти беш аз 700 ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ва Покистон ба Ватан

© Sputnik Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
Сандуқи ҷамъияти Cозмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки аз ибтидои имсоли 727 ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрону Покистон ба Афғонистон бозгаштаанд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Аз ибтидои соли 2022 ҳудуди 662 ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ва 66 ҳазор муҳоҷири афғон аз Покистон ба кишварашон бозгаштаанд, иттилоъ додааст “Радиои дарӣ”.
Сандуқи ҷамъияти СММ афзуд, ки Созмони милал дар нуқоти сифри марзӣ барои муҳоҷироне, ки ба Аф-онистон бармегарданд хадамоти дармонӣ ироа мекунад.
Бозгашти довталабонаи муҳоҷирони афғон аз Эрон дар нишасти чаҳорҷонибаи Афғонистон, Покистон, Эрон ва Кумисориёии олии созмони милали муттаҳид дар Теҳрон низ баррасӣ шуд.
Мохаммад Сохайль Шахин пресс-секретарь политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Толибон: кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз ДОИШ* пуштибонӣ мекунанд
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Эрон ҳазорҳо муҳоҷирони афғонро аз кишвар хроҷ карда буданд.
Қаблан дар расонаҳо хабарҳое нашр шуда буд, ки аз соли 2021 то кунун 500 ҳазор афғонистонӣ ба Эрон муҳоҷират кардаанд.
Консулгарии Эрон дар Ҳирот низ дирӯз эълом кард, ҳамарӯза 1400 нафар бо раводид ба Эрон сафар мекунанд.
Афғонистон ба далели ҳаракати нақлиёт бо Эрон ду дибонгоҳи марзӣ дорад: Нимрӯз ва Исломқалъаи Ҳирот.
Лентаи хабарҳо
0