Аз уҳдааш баромад: "Бухоро" созишнома бо сармураббии тоҷикистониро тамдид кард

© ФТТтренер Хаким Фузайлов
тренер Хаким Фузайлов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
Раёсати бошгоҳи футболи "Бухоро" аз фаъолияти сармураббии тоҷикистонӣ изҳори розигӣ кардааст, ки вазифаҳои пешаш гузошташударо иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Созошномаи Ҳаким Фузайлов ба ҳайси сармураббӣ дар тими "Бухоро" то охири соли 2023 тамдид карда шуд.
Ба иттилои бошгоҳи футболи ӯзбекистонӣ, аз оғози соли ҷорӣ бо омадани Фузайлов ба "Бухоро”"даста аз Про-лига ба Лигаи олии кишвар роҳ ёфт. Таъкид шудааст, ки мавсуф аз иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба хубӣ баромад ва бинобар ин созишнома бо ӯ тамдид карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта низ Фузайлов тавонист дастаи "Динамо"-и Самарқандро аз пролига ба Лигаи олии Ӯзбекистон барорад, аммо бошгоҳ созишнома бо ӯро қатъ кард. Дар натиҷа сармураббӣ ба тими "Бухоро" гузашта, муваффақияташро такрор кард.
Главный тренер молодежной сборной Таджикистана (U-20) Олег Кубарев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Таъйини сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: ФФТ пешаш чӣ вазифа гузошт?
Маврид ба зикр аст, ки фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи "Бухоро" ва "Динамо"-и Самарқанд оғоз шудааст. Ҳамчунин аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар "Ростов" ва "Локомотив"-и Маскав мураббии селексионер буд.
Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти "Локомотив" -и Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин гардида буд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.
Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои "Истиқлол" ва "Куктош"-ро тамрин додаст. Баъдан сармураббии тими "Каганат"-и Қирғизистон ва дастаи "Хуҷанд"-и Тоҷикистон буд.
Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.
Лентаи хабарҳо
0