Дар беш аз як сол ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон беш аз ду миллиард доллар кумак кардааст

© Pixabay / Maklay62Чемодан с деньгами, архивное фото
Чемодан с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон аз моҳи августи соли гузашта то кунун, ҳудуди ду миллиард доллар ба мардуми ин кишвар кумак кардааст
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Баъд ба сари қудрат расидани гурӯҳи толибон дар Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин кишвар ҳудуди ду миллиард доллар ба мардуми ин кишвар кумак кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Pars Today”.
Ахиран Бонки марказии Афғонистон аз расидани бастаи дигари кумаки нақдӣ ба арзиши 40 миллион доллар ба Кобул хабар дод.
Хабар дода шудааст, ки ин панҷоҳуякумин бастаи пули нақд буд, ки ба Афғонистони таҳти ҳокимияти толибон кумак шудааст.
Бар асоси баёнияи Бонки марказии Афғонистон, аз ибтидои ҳокимияти Толибон аз 15 августи соли 2021 то кунун ҳудуди ду миллиард доллар ба Афғонистон кумак шудааст.
Мохаммад Сохайль Шахин пресс-секретарь политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Толибон: кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз ДОИШ* пуштибонӣ мекунанд
Бо тавваҷуҳ ба кумаки ҳудуди 2 миллиарддолларии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон, аммо дар зиндагии мардум тағйири мусбате падид наёмада ва ҳатто вазъият ба сӯи бадтар шудан дар ҳаракат аст.
Бар асоси омори тоза ниҳодҳои имдодрасонии марбут ба СММ, шумори ниёзмандон ба маводи ғизоӣ дар Афғонистон тайи соли 2023 ба беш аз 28 миллион нафар хоҳад расид, ки 10 миллион афзоишро дар муқоиса бо соли 2021 нишон медиҳад.
Идораи ҳимоят аз кӯдакони ҳам ҳафта гузашта гуфт ки ҳудӯди 15 миллион кӯдак дар Афғонистони ниёзманди ғизо дар сол оянда хоҳанд буд ки ба ин тартиб мавориди сӯъи тағзияи кӯдакон низ афзоиш хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0