Ҷонибдорӣ аз тағйири номи Ҷиргатол дар Маҷлиси Миллӣ

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
Маҷлиси миллии Тоҷикистон, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ тағйири бархе аз ҷойномҳо дар ноҳияи Лахшро баррасӣ ва қабул кардааст
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Номи Ҷиргатол дар ноҳияи Лахш иваз карда шуд. Қарор дар ин бораро Маҷлиси миллии Тоҷикистон қабул намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, масъалаи мазкур дар баробари тағйироти дигар ба қонунгузории кишвар, зимни иҷлосияи 12-уми палатаи болоии парлумон баррасӣ гардида, қабул гардид.
Бар асоси ин санад, ки қаблан ҳукумат аз он ҷонибдорӣ кард, деҳаи Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯз тағйири ном мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки худи ноҳияи Ҷиргатол соли 2016 ба Лахш иваз карда шуд.
Аввали соли равон беш аз 40 воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Лахш иваз карда шуданд.
Аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Янгишаҳр ба Нурафшон, деҳоти Сартало ба Саритал, деҳоти Қашот ба Истиқлол, деҳоти Муқсу ба Лахши Боло, деҳоти Алға ба Сайлиобод тағйири ном карданд.
Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Янгишаҳру Минбулоқу Қазақтар иваз шуданд: Тағйири беш аз 40 ҷойном дар Лахш
Номи деҳаи Яраши деҳоти Пилдон ба Дӯстобод, деҳаи Чубайи деҳоти Пилдон ба Лолазор, деҳаи Занкони деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Қалъаи Зангкӯб, деҳаи Қарчини деҳоти Ҷиргатол ба Кӯҳдоман, деҳаи Ҷанҷери деҳоти Ҷиргатол ба Навдиёр, деҳаи Ақҷари деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Сафедҷар табдили ном карданд.
Инчунин деҳаи Чонқирғизи деҳоти Янгишаҳр ба Зарбоғ, деҳаи Ярмазари деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Ёрмазор, деҳаи Долонои деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Дӯлона, деҳаи Янгишаҳри деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Хуррамшаҳр, деҳаи Қашқатераки деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Сафедорак, деҳаи Ҷултераки деҳоти Янгишаҳр ба деҳаи Корвонгузар табдил ёфтанд.
Деҳаи Қушағбаи деҳоти Сурхоб ба деҳаи Дуағба, деҳаи Шилбилии деҳоти Сурхоб ба деҳаи Бушолон, деҳаи Ҷилондии деҳоти Сурхоб ба деҳаи Дашти мурғон, деҳаи Сугати деҳоти Сурхоб ба деҳаи Обшорон иваз шуданд.
Табдили номи деҳаи Сарталои деҳоти Сартало ба деҳаи Саритал, деҳаи Ҷолболот ба деҳаи Навроҳа, деҳаи Чар ба деҳаи Чордара, деҳаи Қазақтар ба деҳаи Қазоқон, деҳаи Қоштегирмен ба деҳаи Осиёбон, деҳаи Минбулоқ ба деҳаи Ҳазорчашма, деҳаи Домбрачии деҳоти Қашот ба деҳаи Думбрасозон аз тағйроти дигар мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0