Таъйини сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон: ФФТ пешаш чӣ вазифа гузошт?

© ФФТГлавный тренер молодежной сборной Таджикистана (U-20) Олег Кубарев
Главный тренер молодежной сборной Таджикистана (U-20) Олег Кубарев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
Сармураббии нави тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар риштаи футбол мутахассиси белорусӣ шуд, ки мунтахабро ба Ҷоми Осиё - 2023 омода мекунад
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Мутахассиси маъруфи беларусӣ Олег Кубарев сармураббии нави мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар риштаи футбол таъйин шуд, иттилоъ дод ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, Кубарев дар ин вазифа Аҳлиддин Турдиевро иваз кард, ки ба кори дигар гузашт.
Таъкид шудааст, Кубарев дар ҷаласаи умумии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ҳайси сармураббии нави даста аллакай муаррифӣ шуд.
ФФТ афзуд, мутахассиси 56-сола тими ҷавононро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, омода мекунад.
Граффити к ЧМ-2022 по футболу в Дохе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Пеле ва Марадона: қаҳрамонҳои асосии футбол дар деворҳои Қатар - акс
Таъкид шудааст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар назди сармураббии нав вазифа гузошта шудааст, ки дастаи ҷавонони кишварроро ба Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2023 барорад.
Илова гардидаст, ки ба ситоди мураббиёни Олег Кубарев ҳамчунин Алиҷон Турдиназаров ва Рустам Қурбонов, ки қаблан ба Аҳлиддин Турдиев кумак мекарданд, ворид шудаанд. Файзалӣ Давлатов масъулияти кор бо дарвозабонҳоро дар даста бар уҳда дорад.
Дар мавриди обиқаи кории сармураббии нав зикр шудаст, ки қаблан Олег Кубарев дастаҳои беларусӣ, ба мисли "Гомел", "Шахтёр" (Салигорск), "Торпедо-БелАЗ" ва "Крумкачи"-ро роҳбарӣ мекард.
Илова бар ин, ӯ дар бошгоҳҳои "Спартак" (Юрмала), "Рига" ва "Елгава"-и Латвия, инчунин дар дастаҳои "Зимбру" ва "Дачия"-и Молдова фаъолият кардааст, омадааст дар иттилоия.
Лентаи хабарҳо
0