Месси ё Мбаппе? То муайян шудани қаҳрамони нави ҷаҳон соатҳои башумор монд

© AFP 2023 / KIRILL KUDRYAVTSEVАргентинский нападающий №10 Лионель Месси реагирует во время футбольного матча группы C ЧМ-2022 в Катаре между Аргентиной и Саудовской Аравией
Аргентинский нападающий №10 Лионель Месси реагирует во время футбольного матча группы C ЧМ-2022 в Катаре между Аргентиной и Саудовской Аравией  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2022
Обуна шудан
Дар 22-юмин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар барандаҳои медалҳоши биринҷӣ аллакай муайян шуда, соҳибони нишонҳои тилою нуқра низ ба зудӣ маълум мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар бозӣ барои медалҳои биринҷии Ҷоми Ҷаҳон-2022 мунтахаби миллии Хорватия тими Марокашро шикаст дод.
Хорватиҳо бо ҳисоби 2:1 бар Марокаш пирӯз шуда, барандаи медалҳои биринҷии Ҷоми Ҷаҳон-2022 гардиданд.
Тими милли Хорватия қаблан соли 1998 ин натиҷаро доштанд, аммо беҳтарин нишондодашон соли 2018 дар Русия буд, ки то финал расидаву зинаи дуввумро гирифтанд.
Ҷойи чоруми Марокаш беҳтарин натиҷаи тими Африқо дар таърихи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон аст, ки даста аз ин қора бори аввал ба даври чорякниҳоӣ расидааст.
Номи қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Ҷаҳон-2022 рӯзи 18 декабр муайян мегардад. Дар шаҳри
Дар варзишгоҳи шаҳри Лусаил, ки махсус барои Ҷоми Ҷаҳон-2022 сохта шуда буд, дар бозии финалии қаҳрамонии ҷаҳон тимҳои мунтахаби Аргентина ва Фаронса вориди майдон мешаванд.
Игрок сборной Португалии Криштиану Роналду празднует гол в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Португалии и Уругвая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2022
Эҳсосот дар майдони футбол: Беҳтарин лаҳзаҳои Чемпионати Ҷаҳон-2022 - акс
Дар ҳар ду даста низ ситораҳои сатҳи ҷаҳонии футбол бозӣ доранд, аз қабили Лионел Мессии аргентинӣ ва Килиан Мбаппеи фаронсавӣ вориди майдони зӯрозмоӣ хоҳанд шуд.
Пахши мустақими бозии Аргентина ва Фаронса соати 20:00 ба вақти Душанбе дар назар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки қаҳрамони феълии ҷаҳон - Фаронса мебошад, ки дар Қатар бозиҳои охираш аз ҷумла Лаҳистонро бо ҳисоби 3:1, Инглистонро бо ҳисобои 2:1 ва Марокашро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.
Мунтахаби Аргентина мусобиқаи қаҳрамонӣ дар Қатарро аз шикаст аз сӯи Арабистони Саудӣ оғоз кард, аммо баъдан силсилаи пирӯзиҳояш оғоз гардид. Аз ҷумла дар даври плей-офф бар Австралия бо ҳисоби 2:1, Нидерланд дар натиҷаи зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4:3 ва Хорватия бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.
Лентаи хабарҳо
0