Моҳи аввали Соли нав: Тақвим барои моҳи январ дар Тоҷикистон

Обуна шудан
НовостиTelegram
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон эълон кард, ки сокинони кишвар дар оғози соли ҷадид ҳадди ақал ду рӯз истироҳат хоҳанд дошт
Таҷлили Соли нав - 1 январ ба рӯзи якшанбе рост меояд, бинобар ин таътил рӯзи дигар низ идома хоҳад дошт.
Бар асоси банди 5-уми моддаи 89-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад.
Ҳамин тариқ тоҷикистониён дар таътили дурӯза - 1 ва 2 январ метавонанд фарорасии соли навро таҷлил кунанд.
Кӣ 2 рӯзу кӣ 3 рӯз истироҳат мекунад? Тақвими таътили ҳамагонии солинавӣ дар Тоҷикистон
Онҳое, ки ҳафтаи кории 5-рӯза доранд, якбора се рӯз - 31 декабри соли равон ва 2 рӯзи аввали соли оянда истироҳат хоҳанд дошт.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳру навоҳии Тоҷикистон аллакай ба ҷашни Соли нав омодагӣ дида, арчаҳоро насбу ороиш додаанд.
Дар Душанбе чароғҳои солинавӣ фурӯзон шуданд: пойтахт ба ҷашн омода - акс
Дар шаҳри Душанбе дар майдони Истиқлол арчаи асосӣ рӯшан шуда, ҷодаҳои пойтахт барои соли нави 2023 комилан оро дода шуд. Дар шаҳр ҳазорҳо чароғҳо фурӯзон шуданд, қаҳрамонҳои афсонавӣ кӯчаю боғҳоро зинат медиҳанд.
Дар рӯзҳои ҷашнӣ дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамчунин барои қишри ниёзманди ҷомеа чорабиниҳои солинавӣ гузаронида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0